Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти сарони 6 кишвар дар Бишкек


Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шурӯъ шуд. Раҳбарони Тоҷикистону Русия, Қирғизистону Қазоқистон ва Арманистону Ҷумҳурии Белорус, авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд, ки қарор аст, нерӯҳои хориҷӣ то поёни соли 2014 аз он кишвар хориҷ шаванд. Тарҳи бунёди як роҳи оҳане, ки Русияро бо Осиёи Марказӣ ва сипас ба Афғонистону Халиҷи Форс бипайвандад, мавзӯъи дигари баҳс дар нишаст хоҳад буд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар ҳошияи ин нишаст бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дидору мулоқот дошт.
XS
SM
MD
LG