Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон бо Путин созишҳои "беҳосил"-ро баррасӣ кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш Владимир Путин имрӯз дар шаҳри Бишкек, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки тавофуқоти ҳосилшуда зимни сафари Путин ба Тоҷикистон “тасвиб шуда ва иҷрои амалии онҳо оғоз меёбад.“ Ду раҳбар доир ба кӯмак ба нерӯҳои марзбонӣ ва артиши Тоҷикистон сӯҳбат кардаанд, ки Владимир Путин соли гузашта ваъда дода буд. Айни замон Владимир Путин аз коҳиши табодули мол миёни ду кишвар ибрози нигаронӣ кардааст. Мулоқот дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ сурат гирифт. Русияву Тоҷикистон соли гузашта созишномаеро дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон имзо карданд, вале Душанбе бо зикри онки, имтиёзу кӯмакҳои ваъдашударо аз Русия нагирифтааст, ин созишномаро ҳанӯз ҳам тасвиб накардааст. Мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон то поёни соли 2014 ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG