Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни нозири наврас


Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳадафи коҳиши мизони маргумир дар ҷодаҳои кишвар ки, бар асари садамаҳо ноболиғон низ ба марг дучор мешаванд, «озмуни нозири наврас»-ро созмон додаст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 28 май ба радиои Озодӣ гуфт, барои ҷалби кӯдакону наврасон ба қоидаву низоми ҳаракат дар роҳҳо бахшида ба Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об ва 40-солагии таъсисёбии дастаҳои Нозирони наврас, озмуни 3-юми ҷумҳуриявии Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур рӯзи сешанбе дар «Кохи Ҷомӣ» баргузор мегардад. Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки як рӯз қабл ронандаи мошини «ВАЗ-21062» Ҳилолиддин Шарипов ҳангоми ҳаракат дар роҳи Ҳисор -Душанбе, дар назди бозори «Ҳоҷӣ-Ёқуб», велосипедрони навраси 13-сола Додов Сайёдро пахш кардааст, ки дар беморхона ҷон додаст. Ба иттилои идораи Бозрасони давлатии автомобилӣ, мизони маргумир дар ҷодаҳои кишвар рӯ ба афзоиш аст, ки дар бархе аз садамаҳои автомобилӣ кӯдакону наврасон низ бар асари беэҳтиётии ронандагон ва волидон ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG