Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванишвилӣ хостори эҳтиром ба ҳуқуқи башар дар Гурҷистон шуд


Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазири Гурҷистон гуфт, демократия, эҳтиром ба ҳуқуқи башар, узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО ва баргардонидани ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Асетияи Ҷанубӣ аз унсурҳои аслии истиқлоли Гурҷистон ба шумор меравад.

Иванишвилӣ ин суханонро зимни паёми телевизионии худ ба мардуми Гурҷистон дар робита бо Рӯзи Истиқлоли кишвараш баён дошт.

Вай гуфт, Гурҷистон бояд ба кишвари собит ва арзишманди иқтисодӣ табдил ёбад, то қалби мардуми худро дар ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳ тасхир кунад.
XS
SM
MD
LG