Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 23 май 5 сол ҳукми зиндони вазири собиқи рушди иҷтимоӣ ва раҳбари Анҷумани тоҷикони ин кишвар Равшан Собировро ба қувваи худ боқӣ гузошт.

Додгоҳ аз мавқеъи тафтишот, ки вазири собиқро ба ришвахорӣ ба маблағи бузург айбдор мекунад, пуштибонӣ кард. Ҳукми Додгоҳи олӣ дар низоми додгоҳии Қирғизистон ҳукми ниҳоист ва дигар таҷдиди назар намешавад. Вале вакили мудофеъи Собиров – Икромиддин Ҳаитқулов гуфтааст, ки аз ин ҳукм ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ шикоят хоҳад бурд.

Икромиддин Ҳаитқулов гуфтааст, мақомоти интизомӣ барои ҳарчӣ зудтар гузориш додан ба президент Алмосбек Отамбоев дар бораи муваффақиятҳояшон дар амри мубориза бо фасод чунин парвандаҳоро бошитоб равонаи додгоҳ мекунанд. “Ин натанҳо ба қазияи Собиров, балки ба қазияҳои дигари пурсарусадо низ дахл дорад”,- афзудааст вакили Собиров.

Додгоҳи Бишкек дар моҳи март Равшан Собировро бо ҷурми фасод ба панҷ соли зиндон бо мусодираи молумулк маҳкум кард. Муовини собиқи ӯ Тоҳир Мирзоаҳмадов низ ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум шуд. Додгоҳ гуфт, ин ду нафар ҳаноми ифои вазифа дар мақомҳои баланди давлатӣ дар ивази ришва барои фарзандхонии кӯдакони қирғиз аз тарафи хориҷиён кумак расондаанд. Собиров аз моҳи декабри соли 2011-ум то замони ҳабсаш дар моҳи июли соли 2012-ум вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон буд.

Ҳомии ҳуқуқ Токтойим Умедалиева қазияи Равшан Собировро сиёсӣ ва ҳукми ӯро ғайриқонунӣ ва фармоиши ҳизби Ота-Макон номид. Хонум Умедалиев мехост ба ҳайси вакили ҷамъиятӣ дар мурофиа аз Равшан Собиров ҳимоят кунад, вале додгоҳ ин иҷозатро барояш надодааст.

Моҷарои порагирии вазири собиқ аз рӯи шикояти як созмони байналмилалӣ оид ба фарзандхонӣ сар зада буд. Коршиносон мегӯянд, ин соҳа солиён аз ношаффофтарин бахшҳои кори вазорати рушди иҷтимоии Қирғизистон буд, ки аз муддатҳо пеш дар он як системаи пинҳонии фурӯши атфоли ятим ба хориҷиҳо бунёд шудааст. Собиров қурбони ҳамин система шудааст, мегӯянд коршиносони қирғиз.


Равшан Собиров баъди боздошт (июли соли 2012)

Равшан Собиров баъди боздошт (июли соли 2012)

4 апрели соли 2012 кормандони Хадамоти зидди фасоди Қирғизистон ҳангоми гирифтани ришва як ёвари Собировро боздошт карданд ва вай гуфт, ки ин корро бо амри вазир иҷро мекард. Шоми ҳамон рӯз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон манзили Равшан Собировро кофтукоб карданд. Собировро рӯзи 5 июл баъди бозпурсӣ дар кумитаи амният бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт карданд. 25 июл додгоҳи Бишкек Собировро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ гузаронид.

Равшан(Равшанбек) Собиров ягона вазири тоҷик дар ҳукумати кунунии Қирғизистон буд ва моҳи декабри соли 2011 аз ҷониби порламон ва ҳизби ҳокими Ота-Макон ба мақоми вазири рушди иҷтимоӣ пешбарӣ шуда буд. Вай ҳамзамон раҳбарии созмони фарҳангии тоҷикони Қирғизистон бо номи “Рӯдакӣ”-ро ба ӯҳда дорад. Равшан Собиров дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ баъди раҳо шуданаш аз мурофиаи додгоҳии 21 ноябр гуфта буд, ки бегуноҳ аст. “Ин парвандаро барои ман сохта буданд. Ягон шоҳиде наёфтанд, ки шаҳодат диҳад. Гузашта аз ин, ёвари ман дар чаҳор бозпурсӣ дар ҷараёни мурофиа гуфт, ки ба сари вай халта кашида, зери фишор аз вай эътироф ситонидаанд. Ба вай гуфтаанд, ки ба онҳо “моҳии бузург” даркор аст ва шояд ҳамин “моҳии бузург”-ро дар симои ман медиданд. Ҳамаи шоҳидон ба фоидаи ман шаҳодат доданд ва додгоҳ маро сафед кард”, - гуфта буд ӯ дар ин мусоҳибааш.

Додгоҳ дар воқеъ дар моҳи ноябри соли 2012 Собировро бегуноҳ бароварда, муовини собиқи ӯ Тоҳир Мирзоаҳмадовро ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Вале додситонии кулли Қирғизистон ба ин ҳукм эътироз овард ва муҳокимаи дувуми парвандаи фасод алайҳи нахустин вазири тоҷик дар таърихи Қирғизистон моҳи марти соли равон дар додгоҳи Бишкек бо 5 сол ҳукми зиндон анҷомид. Ҳукме, ки рӯзи 23 май Додгоҳи олии Қирғизистон бетағйир боқиаш гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG