Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Равшан Собиров: "Ман сиёсатмадор будам ва сиёсатмадор хоҳам монд"


Равшан Собиров

Равшан Собиров

Додгоҳи ноҳиявии Первомайскии шаҳри Бишкек Равшан Собиров-вазири пешини рушди иҷтимоии Қирғизистонро сафед кард.

Дар мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи ришвахории Равшанбек Собиров исбот нашудааст. Тоҳир Мирзоаҳмадов-ёвари вайро барои “қаллобӣ” 6 сол маҳкум ба зиндон карданд ва тибқи ҳукми додгоҳ дороии вай мусодира мешавад.
4 апрели соли ҷорӣ кормандони Хадамоти зидди фасоди Қирғизистон ҳангоми гирифтани ришва ёвари Собировро боздошт карданд ва вай гуфт, ки бо дастури вазир ин корро кардааст. Шоми ҳамон рӯз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар манзили Равшан Собиров амалиёти ҷустуҷӯ анҷом доданд, вале чизе пайдо накарданд. 5 июл худи Собиров ихтиёран ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба бозпурсӣ ҳозир шуд ва вайро дар он ҷо ба гумони ришвахорӣ боздошт карданд.

Бо ҳукми додгоҳ вай мебоист то 30 август дар боздошт нигоҳдорӣ мешуд. Аммо 25 июл додгоҳи шаҳрии Бишкек Собировро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ гузаронид.

Равшанбек Собиров ягона вазири тоҷик дар ҳукумати кунунии Қирғизистон буд ва моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби порламон ва ҳизби ҳокими “Ота Макон” ба мақоми вазири рушди иҷтимоӣ пешбарӣ шуда буд. Вай ҳамзамон раҳбарии созмони фарҳангии тоҷикони Қирғизистон бо номи “Рӯдакӣ”-ро ба ӯҳда дорад. Равшан Собиров дар мусоҳибае бо мо ҳукми додгоҳро гардише дар ҳаёти шахсии худ арзёбӣ кард:

Собиров: Дар оғоз ёвари маро боздошт карданд. Вай зери фишор ҳангоми бозпурсӣ бар зидди ман шаҳодат додааст. Вале вақте, ки дафтари кории ман ва хонаамро кофтуков карданд, чизе пайдо нашуд. Бо вуҷуди ин, бар асоси шаҳодати ёвари ман, маро дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 20 рӯз нигоҳ доштанд. Баъд додгоҳи шаҳри Бишкек бо дархости намояндагони парлумони Қирғизистон тасмимро дигар кард ва маро ба ҳабси хонагӣ гузаронданд. Баъд аз он тафтишот идома дошт ва мисли ин, ки ба парванда ҳадафмандона расидагӣ мекарданд. Бар зидди ман дасисаҷӯӣ мекарданд ва маълум буд, ки аз ин парванда касе манфиат меҷуст. Инро дар мурофиаи додгоҳ низ мушоҳида кардан мумкин буд. Ин парвандаро барои ман сохта буданд. Ягон шоҳиде наёфтанд, ки шаҳодат диҳад. Гузашта аз ин, ёвари ман дар чаҳор бозпурсӣ дар ҷараёни мурофиа гуфт, ки ба сари вай халта кашидаанд ва зери фишор аз вай эътирофот ситонидаанд. Ба вай гуфтаанд, ки ба онҳо “моҳии бузург” даркор аст ва шояд ҳамин “моҳии бузург”-ро дар симои ман медиданд. Ҳамаи шоҳидон ба фоидаи ман шаҳодат доданд ва додгоҳ маро сафед кард. Ман ин ҳукмро одилона ва қонунӣ ҳисоб мекунам.

Озодӣ: Ҷаноби Собиров, шумо мегӯед, ки баъзе шахсони боғараз ин парвандаро бар зидди шумо дуруст карданд. Онҳо ба ҳар ҳол аз шумо чӣ мехостанд?

Собиров: Шояд онҳо курсии вазирро мехостанд. Ман имрӯз дар ин иддаоро тасдиқ карда наметавонам. Вале акнун дасту пои ман боз шуд ва тадриҷан ин корро таҳқиқ хоҳем кард.

Озодӣ: Бо қароре шуморо муваққатан аз мақоми вазири ҳифзи иҷтимоӣ барканор карда буданд. Акнун шуморо дубора барқарор мекунанд ё чӣ тавр?

Собиров: Инро вақт нишон медиҳад. Мо бо вакили мудофеи худ машварат мекунем, барои он ки он вақт эътилофии нируҳои сиёсӣ аслан аз Умурбек Бабанов-нахуствазири пешин ҷонибдорӣ мекард. Низоми мо порламонист ва ҳоло эътилоф тағир ёфтааст. Кобинаи вазирон ва нахуствазир ҳам нав шуд. Бо фармони раиси ҷумҳур 6 сентябр ин кобина пароканда шуд ва ман ҳам дар он кобина будам. Барои ҳамин матраҳ кардани ин масъала то чӣ андоза зарур аст, ман бояд бо вакилони мудофеи худ машварат кунам.

Озодӣ: Барои ин муддате, ки шумо дар боздоштгоҳ будед ва дар ҳабси хонагӣ қарор доштед зарари маънавӣ дидед. Барои он ба ҷое шикоят хоҳед бурд?

Собиров: Ин кор ҳанӯз зуд аст ва онҳо метавонанд парвандаро ба додситонии шаҳрӣ супоранд. Барои ҳамин бояд машварат кунам. Вале аллакай ба кумитаи амният изҳор доштам, ки ман ҳеҷ шикояте надорам. Барои он ки онҳо вазифаи худро иҷро карданд. Бо вуҷуди он ки каме аз доираи салоҳиятҳои худ берун рафтанд.

Озодӣ: Дар оянда барномаҳоятон чӣ аст. Бо фаъолияти сиёсӣ машул хоҳед шуд?

Собиров: Ман сиёсатмадор будам ва сиёсатмадор хоҳам монд. Барои он ки дар таърихи Қирғизистон ман аввалин тоҷик ҳастам, ки узви порламони Қирғизистон будам ва аввалин вазири рушди иҷтимоӣ будам. Дар таърихи Қирғизистон чунин набудааст.

Озодӣ: Шумо раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Қирғизистон ҳастед. Ахиран ин ҷамъият шикоят кард, ки баъд аз боздошти шумо ҳимояти молӣ надорад. Акнун бо ҷамъияти тоҷикони ба номи “Рудакӣ” чӣ хоҳед кард?

Собиров: (тоҷикӣ) Ман ҳоло ҳам раиси ин ҷамъият ҳастам. Бачаҳоро ҷамъ мекунем, маслиҳат мекунем ва иншоолоҳ фаъолияти ин ҷамъиятро пеш мебарем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG