Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Эрон бе интрига мемонад


Рафсанҷонӣ ва Машшоӣ

Рафсанҷонӣ ва Машшоӣ

Бино ба хабарҳои расида аз Эрон, Шӯрои нигаҳбон ду довталаби билқувваро аз рӯйхати номзадҳо ба интихоботи моҳи июни раёсати ин ҷумҳурӣ ҳазф кардааст.

Тасмимнюс – сомонаи ҷиноҳи тундравон – гуфт, Шӯрои нигаҳбон раисиҷумҳури собиқи Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Исфандиёр Раҳими Машшоӣ – яке аз ёрони наздики раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажодро барои ширкат дар ин корзор роҳ надод. Хабаргузории нимарасмии Меҳр низ айни гузоришро додааст.

Ин ҳанӯз хабари расмӣ нест. Қарор аст, феҳрасти номзадҳо аз сӯи Шӯрои нигаҳбон шоми сешанбеи 21 май ё субҳи 22 ба дасти вазорати кишвар(умури дохила)-и Эрон бисупорад. Ин ниҳод баъди 2 рӯз рӯйхати номзадҳоро нашр карда, ба корзори пешазинтихоботии номзадҳое, ки аз “ғалбер”-и Шӯрои нигаҳбон мегузаранд, оғоз хоҳад гузошт.

Аммо ҳанӯз рӯзи душанбе сухангӯи Шӯрои нигаҳбон гуфта буд, ки номзадҳои аз нигоҳи ҷисмонӣ заифро ба интихобот роҳ нахоҳанд дод. Ин ишора метавонад ба Рафсанҷонӣ бошад, ки 78 сол дорад. Рафсанҷонӣ, ки дар солҳои 90 ду навбат раисиҷумҳури Эрон буд, номзади мавриди ҳимояти ислоҳталабон ба шумор меомад. Вале муҳофизакорон мегуфтанд, Рафсанҷонӣ хеле пир шудааст, ки дигарбора даъвои раёсат кунад.

Раисиҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, ки давраи дувум ва ниҳоии раёсаташро ба поён мебарад, ҳаққи ширкат дар интихоботи моҳи июнро надорад. Ӯ дар соли 2006 таҳти ҳимояти оятуллоҳ Хоманаӣ баранда шуд ва дар соли 2009 дар як интихоботи пурбаҳсе ба давраи дувуми раёсат даст ёфт. Вале дар дастикам ду соли охир танишҳо байни давлати ӯву рӯҳониёни муҳофизакори наздик ба оятуллоҳ Хоманаӣ он қадар афзоиш ёфт, ки шонси Исфандиёр Машшоӣ - аз ёрони наздики Аҳмадинажод – барои сабтином дар интихоботи имсола аз пеш хеле заъиф ба назар мерасид.

Тасмимнюс мегӯяд, Шӯрои нигаҳбон танҳо ба 8 номзад, ки аксаран аз ҷиноҳи тундравони содиқ ба раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ намояндагӣ мекунанд, изоҷаи ширкат дар интихоботи 14 июнро додааст. Ин Шӯро алакай тамоми номзадҳои занро аз рӯйхати довталабони курсии раёсатҷумҳурии Эрон берун кардааст. Аммо агар хабари радд шудани номзадии Рафсанҷонӣ ва Машшоӣ расман тасдиқ шавад, ин ба маъноест, ки интихоботи 14 июни раёсатҷумҳурии Эрон амалан аз интрига маҳрум мешавад, чунки комилан дар майдони ҷиноҳҳои муҳофизакор ва бидуни ширкати номзадҳои қобили мулоҳизаи ҷиноҳҳои дигар хоҳад гузашт.

Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломӣ як ниҳоди ғайримунтахаб, вале пурнуфуз дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки ҳаққи таъйиди номзадҳо ба интихоботҳои кишварро дар даст дорад. Номзадҳо аз сӯи ин ниҳод асосан бар асоси меъёрҳое, чун садоқат ба низоми Ҷумҳурии исломӣ, таъйид ё радд мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG