Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ дар ҷустуҷӯи раисиҷумҳури "фармонбардор"


Ба гуфтаи таҳлилгарон, номзади интихобкардаи пешинааш, Маҳмуди Аҳмадинажод барои Хоманаӣ "дарди сар" шуд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, номзади интихобкардаи пешинааш, Маҳмуди Аҳмадинажод барои Хоманаӣ "дарди сар" шуд.

Соҳибназарон саъй доранд, мушаххас кунанд, ки номзади дилхоҳи оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда кӣ хоҳад буд?

Агар феҳрасти вазифаҳои раисиҷумҳури ояндаи Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии кишвар менавишт, бешак садоқат ва фармонбардорӣ аз меъёрҳои аввал дар ин феҳраст мебуд. Ба гуфтаи нозирон, Хоманаӣ, ки дар тамоми умури давлатии Эрон ҳарфи охирро мезанад, мехоҳад раисиҷумҳури оянда қабл аз ҳама содиқу фармонбардор бошад ва ҳоло дар андешаи пайдо кардани ҳамин гуна номзад аст.

Худи Алии Хоманаӣ то кунун ба ин хислатҳо ишорае накардааст, вале рӯзи 27 апрел зимни суханроние гуфт, “онҳое, ки шохаи иҷроияи кишварро раҳбарӣ мекунанд, бояд ба душманони мо муқовимат нишон бидиҳанд. Набояд битарсанд ва зуд аз саҳна хориҷ шаванд.” Рӯзи 6 май дар мулоқот бо мақомоти интихоботӣ Хоманаӣ хислатҳои дигарро ҳам номбар кард, ки мехоҳад, дар раисиҷумҳури оянда бубинад. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳури ояндаи Эрон бояд, мардумӣ, заҳматкаш ва закиву қавӣ бошад. Ӯ калимаи “усулгаро”-ро истифода кард, ки афроди доираҳои сиёсии наздик ба муҳофизакорон ва содиқ ба Хоманаиро ном мебаранд.

Ба эътиқоди таҳлилгарон, номзади дилхоҳи раҳбари рӯҳонии Эрон, фарде бояд бошад, ки ба арзишҳои инқилоби Ҷумҳурии Исломӣ содиқ буда ва мисли ӯ ғояҳои зиддиғарбӣ ва нобоварии амиқ нисбат ба Амрикоро доштам бошад. Таҳлилгарон ҳамчунин мегӯянд, Хоманаӣ ҳоло ба касе ниёз дорад, ки Эронро аз бӯҳрони нафасгиркунандаи иқтисодӣ, ки бар асари мудирияти нодуруст ва таҳримоти байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст, берун кашад. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, чанд дафъа гуфтааст, ки Эрон ба самти “иқтисоди муқовим” ба таҳрим ҳаракат карда ва аз пойбандӣ ба даромади нафт раҳо шавад.

Дар ниҳоят, ба гуфтаи Карим Саҷҷодпур, таҳлилгари умури Эрон аз Пажӯҳишгоҳи Сулҳи Байналмилалии Карнеги, раҳбари олии Эрон дар ҷустӯҷуи касест, ки “фарди дастбӯс ва мутааҳҳид ба арзишҳои инқилобӣ ва ҳамзамон мудири хуб бошад ва ҳам аз ҳимояти мардумӣ бархӯрдор бошад.” Аммо, мегӯяд Карим Саҷҷодпур, пайдо кардани чунин номзад номумкин аст.

Ба гуфтаи Аббос Милонӣ, мудири барномаҳои пажӯҳиши Эрон дар Донишгоҳи Стенфорди Амрико, Хоманаӣ ба хислатҳое алоқа дорад, ки дар як инсон пайдо карданашон сахт аст: “Аз як тараф мехоҳад, фармонбардори мутлақи эшон бошад, чизе дар ҳадди тадорукотчӣ, ё дар ҳадди камтар. Дар ин ҳол фикр намекунам, чунин касе дар шароити бӯҳронии имрӯз, битавонад, мушкилоти иқтисодии мардумро ҳал бикунад. Онҳо мехоҳанд, раиси ҷумҳури оянда дар сатҳи байналмилалӣ, нимчавазнае бошад, албатта худашон мехоҳанд, вазнаи аслӣ бошанд.”


Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳузури тарафдоронаш дар шаҳри Исфаҳон
Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳузури тарафдоронаш дар шаҳри Исфаҳон
Соли 2005 бардошт дар Эрон ин буд, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ раиси ҷумҳуреро ёфт, ки бо ӯ созгор аст. Пирӯзи ғайриинтизори интихоботи он сол, Маҳмуди Аҳмадинажод буд, ки ба эътиқоди аксарият бо ҳимояти худи раҳбари Эрон ва Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба ин мақом расид. Пирӯзии ҷанҷолии ӯ дар интихоботи баъдии соли 2010-ро низ ба “шарофати” Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ медонанд.

Раҳбари муаззами Эрон соли 2009 ошкоро гуфт, андешаҳои Аҳмадинажод назар ба ақидаҳои Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури собиқи Эрон ба ӯ наздиктар аст, ки ахириро сиёсатмадори амалгаро медонанд. Бо вуҷуди пайдо шудани рахна дар муносиботи Аҳмадинажод бо Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон нишон дод, ки ҳамчунон аз раиси ҷумҳури феълӣ ҳимоят мекунад. Ҳуҷаттулислом Исломиён, яке аз рӯҳониёни наздик ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфта буд, ки “дар вазъи феълӣ баъзе аз ихтилофоти назар мавҷуд аст ва мо дар баъзе аз масоил бо ҳам мувофиқ нестем. Аммо ҳоло агар раҳбари муаззам чизе бигӯяд, раиси ҷумҳур мепазирад ва бар тибқи гуфтаҳо амал мекунад.” Аммо ин гуфтаҳо пеш аз васеътар шудани рахна дар муносиботи Аҳмадинажод ва Хоманаӣ буд.

Талошҳои Аҳмадинажод барои бештар кардани салоҳиятҳои ҳукумати иҷроия, ҳимояташ аз Исфандиёр Раҳимии Машоӣ, дастёри наздик ва вориси эҳтимолиаш, ки саъй дошт, нуфузи рӯҳониёни бонуфузро заъиф кунад ва ҳамингуна шеваи баҳсбарангези мудирият чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ сабаб шуд, ки тамоми тарафдорон ба Аҳмадинажод пушт гардонанд. Яъне дар ниҳояти амр, раиси ҷумҳури дастнишондаи Хоманаӣ барои худаш дарди сар шуд ва ҳоло ӯ саъй дорад, баъди хотимаи аҳди Аҳмадинажод дар моҳи июн, ҳукуматро аз нуфузи ӯ пок кунад. Бо назардошти ин таҷриба ҳоло таҳлилгарон интизор доранд, ки Хоманаӣ талош хоҳад кард, чунин хатое такрор нашавад.

Раҳбари рӯҳонии Эрон моҳи март дар як суханроние гуфт, раиси ҷумҳури оянда бояд тавоноиҳои раиси ҷумҳури пешинаро дошта бошад ва аз заифиҳои ӯ канорагирӣ кунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, раиси ҷумҳуреро мехоҳад, ки “мушкил эҷод накунад” ва “ваъдаҳои бепоя” надиҳад. Бо онки Эрон таҳти фишори фазояндаи байналмилалӣ қарор гирифтааст, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ беш аз ҳар вақти дигар ба ваҳдат дар дохили низом ниёз дорад ва бояд ба тафриқае хотима диҳад, ки дар замони Аҳмадинажод бештар шуд. Нуфузи Хоманаӣ ба Кумиссиюни Марказии Интихобот ва Шӯрои Нигаҳбон, ниҳоде, ки феҳрасти ниҳоии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Эронро таъйид мекунад, бисёр зиёд аст.

Бо назардошти ин воқеъият, зоҳиран раисиҷумҳури ояндаи Эрон аз ҳисоби доираҳои наздик ба худи раҳбари олии ин кишвар интихоб мешавад. Ҳар номзади наздик ба Маҳмуди Аҳмадинажод, аз ҷумла Исфандиёри Машоӣ ҳеҷ имкони расидан ба ин мақомро надорад. Мумкин аст, ҳеҷ номзади ислоҳталабон низ ҳимояти Хоманаиро ба даст наорад, ки тавонист, онҳоро аз саҳнаи сиёсии Эрон дур кунад. Ба гуфтаи Маҳдӣ Халаҷӣ, таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи Шарқи Наздик дар Вашингтон, ҳатто аз миёни доираҳои муҳофизакор дар Ҷумҳурии Исломӣ, оне шонси раиси ҷумҳур шуданро хоҳад дошт, ки Хоманаӣ ба ӯ дар воқеъ боварӣ дошта бошад: “Оқои Хоманаӣ мехоҳад, мутмаин бошад, ки инҳо фоқиди баландпарвозиҳои шахсӣ ва ҷиноҳӣ ҳастанд ва ҳозиранд ба унвони танҳо як мудири оқои Хоманаӣ ва муҷрии фармонҳо ва дастурҳои ӯ амал бикунанд.”

Карим Саҷҷодпур - таҳлилгари дигари масоили Эрон мегӯяд, дар интихобот аҷиб ин хоҳад буд, ки номзадҳои рақиб барои ба даст овардани раъйи Хоманай талош хоҳанд кард ва ё раъйи мардум. Вале мегӯяд ӯ, шиорҳое, ки барои ба даст овардани дили раҳбари 73-солаи инқилоб истифода мешавад, аз шиорҳое, ки раъйдиҳандагони пешрафта ва ҷавон дар Эронро ҷалб кунад, ба куллӣ фарқ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG