Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сангандози сафорати Бразилия 5 соли ҳабс таҳдид мекунад


Бинои сафорати Бразилия дар Маскав.
Бинои сафорати Бразилия дар Маскав.

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, ба сафорати Бразилия дар Маскав ҳамла кардааст, мумкин аст, ба 5 соли зиндон маҳкум шавад.

Муҳокимаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба сӯйи сафорати Бразилия дар Русия сангандозӣ кардааст, рӯзи чаҳоршанбе дар Додгоҳи ноҳияи Пресняи Маскав баргузор мешавад.

Хадамоти матбуотии Раёсати умури дохилии шаҳри Маскав мегӯяд, дар робита ба кирдори ин шаҳрванди Тоҷикистон аз рӯйи банди 213-и Кодекси ҷиноии Русия, қисми 1 (авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ҷазои то 5 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки пас аз таҳқиқ шаҳрванди Тоҷикистон будани боздоштшударо муайян кард. Дар изҳороти расмии сафорати Тоҷикистон гуфта мешавад: "Шаҳрванд Б.А., соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе мебошад ва дирӯз корманди масъули бахши консулгарии сафорат бо номбурда дидору мулоқот дошт." Дертар ошкор гашт, ки шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоҳ Бобозода ном доштааст.

Полиси Маскав мегӯяд, шаҳрванди Тоҷикистонро соати 9:40-и субҳи 18-уми май, дар назди намояндагии дипломатии Бразилия лаҳзаҳое пас аз сангпартоӣ ба сӯи сафорат боздошт кардааст. Дар бозпурсӣ шаҳрванди Тоҷикистон иқдоми худро эътирозе аз сиёсатҳои зистмуҳитии Бразилия номида, гуфтааст, аз он норозист, ки Бразилия партовҳои ҳастаиро дар замин гӯр мекунад ва бо ин роҳ ба табиат осеб мерасонад.

Ин маълумот, ки аз тарафи Хадамоти матбуотии Раёсати умури дохилии шаҳри Маскав расонаӣ шуд, гӯё аз шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми бозпурсӣ дастрас гаштааст. Гуфтугӯ бо худи шаҳрванд номумкин аст, чун ӯ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад ва полис дархостҳои фароҳам овардани чунин имкониятро рад намуд. Полис мегӯяд, парвандаи шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 21-уми май ба додгоҳ фиристода шуд ва мурофиа рӯзи чаҳоршанбе баргузор хоҳад гашт.

Дар хабари расонаҳои ҳамагонии Русия маълумоти тазодомез ба мушҳоида мерасад. Бархе аз онҳо мегӯянд, дар натиҷаи сангандозии шаҳрванди Тоҷикистон дари сафорат осеб дидааст ва бархи дигар навиштаанд, бар асари ин "ҳамла" яке аз тирезаҳои сафорати Бразилия шикастааст. Рӯзномаи "Московский комсомолетс" менависад, полис бо даъвати намояндаи сафорати Бразилия Грисбак Де Перейра ба ҷои воқеа расидааст. Ҳангоми боздошт Абдуллоҳ Бобозода гуфтааст, на танҳо аз сиёсатҳои зистмуҳитии Бразилия, балки карнавалҳои он норозист, ки дар он занони урён рақсҳои шаҳвонӣ мекунанд.

Рӯзи сешанбе роҳбари Хадамоти консулгарии сафорат Садбарг Ғаниева бо яке аз масъулони Сафорати Бразилия дар Русия роҷеъ ба ин масъала мулоқот намуд. "Ҷонибҳо аз сар задани ин ҳодисаи нохуш изхори таассуф намуданд ва гуфтанд, ки он набояд ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар таъсир расонад. Мувофиқа шуд, ки сафоратҳои Тоҷикистону Бразилия ин масъаларо то ба охир дар якҷоягӣ баррасӣ хоҳанд кард."

Намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Муҳаммади Эгамзод, ки дар ин гуфтушунид ширкат дошт, мегӯяд, ҷониби Бразилия аз рафтори шаҳрванди Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Дар ҳоле ки қазия як суитафоҳум маънидод гаштааст, тарафҳо изҳор намудаанд, ки ду кишвари Бразилия ва Тоҷикистон ҳамеша бо ҳам равобити хуб доштанд ва фазои неки муносибатҳои тарафайнро ҳифз хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG