Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати Тоҷикистон сангпартоиро тафтиш мекунад


Сафорати Точикистон дар Русия ахбори расонахои русиро дар бораи он ки гуё шахрванди Точикистон ба сӯйи дарвозаи Сафорати Бразилия дар Маскав санг партофтааст, мавриди таҳқиқу тафтиш қарор додааст.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод иброз доштааст, ки то замони пурра дақиқ намудани ҷузъиёти ин ҳодиса ва маълум кардани он ки воқеан ин шаҳрванд табааи кишвари Тоҷикистон аст, иловатан чизе наметавон гуфт.

Бинои сафорати Бразилия дар як минтақаи марказии пойтахт, дар шафати бинои сафоратхонаҳои дигар кишварҳои дунё, аз ҷумла дар фосилаи начандон дури миёни биноҳои сафорат ва консулгарии Точикистон қарор дорад.

Рӯзи шанбе хабаргузориҳои Русия бо такя ба манбаъҳои интизомии Русия иттилоъ доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ба тарафи дарвозаи сафорати Бразилияи дар Маскав санг партофта, ба дари сафорат зарар расондааст.

Ба қавли хабаргузории Интерфакс баъди сангпартоӣ ин шаҳрванди Тоҷикистон кӯшиш кардааст, аз ҷои ҳодиса фирор кунад, вале ӯро дастгир намудаанд.
XS
SM
MD
LG