Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯдухтар худро дар дарёи Душанбе ғарқ кард


Мастонаи Шермаҳмад-донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баъд аз як муноқишаи хонаводагӣ рӯзи 17-уми май худро ба дарёи Душанбе андохтааст. Дар ин бора котиботи факултети филологияи донишгоҳ 20 май ба радиои Озодӣ хабар дод. Бино ба хабари ин манбаъ, ҷасади Мастонаро як рӯз баъд аз рӯдхона пайдо кардаанд. Мастона сокини ноҳияи Шӯрообод буд ва сентябри соли гузашта ба факултети филология дохил шуда буд. Вай то ҳол дар Душанбе дар манзили бародараш зиндагӣ мекард ва бино ба хабарҳо дар натиҷаи як муноқиша ба нишонаи эътироз худро ба дарё андохтааст. Сабаби ин муноқиша ҳануз рӯшан нест. Навбатдори вазорати корҳои дохилӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки марги Мастонаи Шермаҳмадро ба қайд гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG