Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони эронӣ аз сабқати президентӣ маҳрум мондаанд


Раҳбари Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон оятулло Муҳаммад Яздӣ
Раҳбари Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон оятулло Муҳаммад Яздӣ
ИМА дар баробари манъи ширкати як зан дар сабқати президентии Эрон мавқеи шадид нахоҳад гирифт.

Сухангӯи департаменти давлатии ИМА хонум Ҷен Псакӣ дар Вашингтон гуфт, ки ИМА дар иртибот бо номзадҳои алоҳида мавқеъ интихоб намекунад.

Ба қавли Псакӣ ба ваҷҳи умум, ИМА тарафдори он аст, ки занон имкон дошта бошанд, барои ишғоли курсиҳои давлатӣ талош варзанд ва мақомоти ҷумҳурии исломӣ бояд тамоми номзадҳоро ба сабқати раёсатҷумҳурӣ роҳ диҳанд.

Раҳбари Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон оятулло Муҳаммад Яздӣ иброз дошт, ки бар пояи қонунҳои Эрон зан наметавонад президенти ин кишвар бошад. Шӯрои нигаҳбон довталабҳои курсии раёсатҷумҳурӣ ва парламентро таҳқиқ ва тасдиқ мекунад.

Барои сабқати президентии 14-уми июн 686 номзад пешбарӣ шудааст. Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ду давр паи ҳам президенти Эрон интихоб шудааст ва ҳоло наметавонад дар интихобот сабқат кунад.

Ҳафтаи оянда Шӯрои нигаҳбон рӯйхати номзадҳои тасдиқушдаро эълон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG