Пайвандҳои дастрасӣ

Доллар наҷунбид, рублу евро андаке суқут кард


Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, тайи ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари кишвар қурби доллари ИМА бетағйир боқӣ монда, қимати рубл ва евро андаке паст шудааст. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки умдатан вақте харидори асъори хориҷӣ сарфи назар аз кадом навъи пули хориҷӣ кам мешавад, қурби он низ коҳиш меёбад. Вай афзуд, ки сабаби дигар марбут ба амалиёти андак бо рубли русӣ ва евро мебошад, ки бар асари ин қурби миёнаи рубли русӣ ва евро андаке паст шуда, мувофиқан 100 рубли русӣ ба 15 сомониву 39 дирам ва фурӯшаш ба 15 сомониву 49 дирам баробар шудааст, ки қаблан дар ивази 100 рубли русӣ 15 сомониву 50 дирам харида мешуд. Ҳоло 1 евро бо 6 сомониву 30 дирам харид шуда, дар иваз 6 сомониву 33 дирам фурӯхта мешавад. Қаблан қурби 1 евро ба 6 сомониву 10 дирам баробар буд. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки қурби доллари ИМА собит буда 1 доллар ба 4 сомониву 86 дирам баробар мебошад.
XS
SM
MD
LG