Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон раҳсипори Тайланду Чин шуд


Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз 17-уми май дар раъси як ҳайати баландпоя озими шоҳигарии Тайланд ва Чин шуд. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар Тайланд ба иловаи мулоқот бо мақомоти ин кишвар ва имзои чанд созишанома, интизор меравад раиси ҷумҳури Тоҷикикистон дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” иштирок ва суханронӣ намояд. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, интизор меравад, ки беш аз 10 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расад.
XS
SM
MD
LG