Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни талхи достони ҷустуҷӯи гурда дар Фейсбук


Як ҷавони 21-солаи бемори тоҷик, ки хоҳараш аз ноилоҷӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ӯ гурдаи солим ҷустуҷӯ мекард, бар асари шиддат гирифтани бемориаш даргузаштааст. Баҳриддин Иброҳимов, донишҷӯи бахши молия дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, тайи чанд соли ахир аз бемории гурда ранҷ мекашид ва табибон гуфта буданд, ки ягона роҳи наҷоти ӯ иваз кардани гурдаи бемораш аст. Латофат Иброҳимова, хоҳари ӯ аз тариқи нашрияҳо ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, Мой Мир ва Одноклассники барои наҷоти бародари бемораш кӯмак хоста ва навишта буд, ки Баҳриддин ба як гурдаи солим эҳтиёҷ дорад. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳарчанд духтаре розӣ шудааст, ки як гурдаи худро ба Баҳриддин бидиҳад, аммо авҷ гирифтани беморӣ фурсат барои ҷарроҳиро надодааст. Наздиконаш низ ҳозир будаанд, ки донори ӯ шаванд, аммо ташхис нишон додааст, гурдаи ҳеҷ кадоми онҳо барои Баҳриддин муносиб нест. Баҳриддин Иброҳимов рӯзи 15 май даргузашт.
XS
SM
MD
LG