Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон лағви ҳукми эъдом баррасӣ мешавад


Дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки Рут Дрейфус-раиси ҷумҳури пешини Шветсария рӯзҳои 13-15 май аз Тоҷикистон боздид мекунад. Вай дар ҷараёни ин боздид чун узви Кумиссиюни байналмиллалии лағви муҷозоти эъдом ин масъаларо бо мақомоти зидахли Тоҷикистон дар миён хоҳад гузошт.

Ҳамзамон дафтари намояндагии Шветсария дар Душанбе ба хабаргузории Pressa.tj иттилоъ додааст, ки хонум Дрейфус бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур низ мулоқот хоҳад кард.

Мулоқот бо намояндагони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ низ барномарезӣ шудааст ва дар он ҷонибҳо аз миён бардоштани ҳукми қатл дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.
Дар гузашта Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда буд, ки муҷозоти эъдомро лағв мекунад.
XS
SM
MD
LG