Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як дунбаи нася? Марҳалаи дувуми "Нақшаи Крупнов"


Юрий Крупнов зимни муаррифии нақшааш дар Душанбе. Сентябри соли 2012.
Юрий Крупнов зимни муаррифии нақшааш дар Душанбе. Сентябри соли 2012.

Рӯзи 15 май дар Душанбе «Тарҳҳои стратегиии сармоягузорӣ барои Тоҷикистон ва Осиёи Миёна» ё марҳалаи дувуми «Нақшаи Крупнов» муаррифӣ хоҳанд шуд.

Ин нақшаи пуриддаоро дар ҳамоиши байналмилалии «Нақши Тоҷикистон дар рушди «АвроОсиё» бо ширкати коршиносони хориҷӣ ва дохилӣ баҳс хоҳанд кард. Андрей Захватов, шореҳи сиёсӣ ва аз дастандаркорони ин нишаст ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳамоиш ба ибтикори Маркази мутолиоти геополитикии Донишгоҳи славяниии Тоҷикистону Русия ва «Ҷунбиши Ҳаракати рушди Русия»-и Юрий Крупнов баргузор мешавад.

Қарор аст, дар ин ҳамоиш дар баробари баҳси ҷойгоҳи Тоҷикистон дар рушди АвроОсиё, шеваҳои ҳамкорӣ бо Русия, албоми «Лоиҳаҳои стратегиии сармоягузорӣ барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ», ё ба истилоҳ марҳалаи дуввуми «Нақшаи Крупнов» низ муаррифӣ шавад. Ин албом аз сӯи гурӯҳи сармоягузории Русия таҳия шудааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки чӣ тарҳҳое ва бо чӣ миқдор сармоягузории Маскавро дар бар мегирад?

Тарҳи пуриддаои миллиардҳо доллар сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта эълон шуд. Юрий Крупнов, роҳбари ҳаракати ҷамъиятии байналмилалии «Рушд» ва муаллифи тарҳи «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна» гуфта буд, ки мувофиқи ин тарҳ, Русия бояд то соли 2030 ба иқтисоди Тоҷикистон ҳадди ақал 12 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад: «Тибқи ин лоиҳа барои рушди минтақаи Осиёи Миёна, бояд «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна» созмон дода шавад. Қароргоҳи асосии минтақавии ин корпоратсия бояд дар шаҳри Душанбе ҷой дода шавад, чунки ба назари мо, Тоҷикистон муҳимтарин кишвари минтақаи Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад».

Ба гуфтаи ҷаноби Крупнов, аксарияти ин сармояҳо бояд ба арсаи обу энержӣ ва бунёди зербино равона шавад.

Аммо моҳи марти соли ҷорӣ ҳукумати Русия тавассути Хадамоти мубориза бо маводи мухаддираш ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва таъмини рушди иқтисодии кишварҳои минтақа Корпоратсияи рушди Осиёи Миёнаро таъсис дод, ки сандуқи сармояҳояш ҳамагӣ 2 миллиард рубл, ё ҳудуди 70 миллион долларро дар бар мегирад. Яъне хеле камтар аз он миллиардҳое, ки “Плани Крупнов” дошт.
XS
SM
MD
LG