Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба Тоҷикистон дунбаи нася ваъда кард


Юрий Крупнов ва Олим Бобоев

Юрий Крупнов ва Олим Бобоев

Бар асоси як тарҳ, Русия мехоҳад дар 18 соли оянда дар иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 12 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Юрий Крупнов, роҳбари ҳаракати ҷамъиятии байналмилалии «Тараққиёт» ва муаллифи тарҳи «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна» мегӯяд, мувофиқи ин тарҳ, бояд то соли 2030 Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ҳадди ақал 12 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад:

«Тибқи ин лоиҳа барои рушди минтақаи Осиёи Миёна, бояд «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна» созмон дода шавад. Қароргоҳи асосии минтақавии ин корпоратсия бояд дар шаҳри Душанбе ҷой дода шавад, чунки ба назари мо, Тоҷикистон муҳимтарин кишвари минтақаи Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад».

Ба гуфтаи ҷаноби Юрий Крупнов, аксарияти ин сармояҳо бояд ба арсаи обу энергетика ва бунёди инфрасохтор равона шавад.

Тарҳи «Корпоратсия рушди Осиёи Миёна» моҳи апрели соли равон аз ҷониби Виктор Иванов, роҳбари Оҷонсии федералии мубориза бо маводи мухаддири Русия ҷиҳати мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Осиёи Миёна ба Русия ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод карда шуда буд. Владимир Путин, сарвазири вақти Русия ин тарҳро ситоиш карда, ба вазирони кобинааш дастур дод, то муассир будани ин тарҳро таҳлил карда, барои амалӣ шудани он дар тӯли як моҳ пешниҳодоти худро ба ҳукумат ироа кунанд.

Бояд гуфт, эълони ин тарҳ аз сӯи давлати Русия, пас аз эълони лоиҳаи «Роҳи бузурги Абрешим»-и Амрико ба вуҷуд омад. Ҳадафи ин тарҳи ИМА низ мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Миёна буд.

Аммо дар гузашта низ Русия ба Тоҷикистон ваъдаи сармоягузорӣ ба лоиҳаю сохтмонҳои азимро дода буд, вале аксарияти ин лоиҳаҳо то ҳол иҷро нашуда монданд. Аз ҷумла, соли 2004 президенти Русия Владимир Путин ҳини сафараш ба Тоҷикистон ваъдаи самоягузории 2 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистонро дода буд. Аммо ширкати «Русал»-и Русия, ки муваззаф буд тарҳи НБО Роғунро сармоягузорӣ кунад, бо ҳар баҳона раванди сармоягузориро кашол дод ва ҷониби Тоҷикистон якҷониба шартномаро бо ин ширкат қатъ кард.

Дар ҳамин ҳол, суоли матраҳ ин аст, ки оё Русия ба ваъдаи дубораи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон вафо хоҳад кард ё на? Баҳром Шарипов, иқтисоддони тоҷик ва узви Шӯрои мудирони Иттиҳодияи ташкилотҳои хурди маблағгузории Тоҷикистон ба ин суол, ки оё Русия ба ваъдаи сармоягузориаш ин навбат содиқ хоҳад монд ё на, гуфт: ”Дар ин ҷо фолбинӣ кардан даркор нест. Бояд гурӯҳи коршиносони ҳирфаӣ сари як миз нишаста омӯзанд, ки агар Русия дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад, чӣ манфиат мебинад? Агар ин сармоягузорӣ ба манфиат Русия бошад ва инчунин аз сармоягузории ин кишвар иқтисоди Тоҷикистон ҳам суд бинад, пас мешавад ба ин ваъдаи Русия умед баст ва шомили иттиҳодҳои созмондодаи Русия шуд. Ҳама тасмимҳои мо бояд дар асоси таҳлилҳои илмӣ, бо назардошти манфиати миллӣ сурат бигирад”.

Дар ҳамин ҳол, Собир Вазиров, иқтисоддони дигари тоҷик, корманди пажӯҳишгоҳи демография ва иқтисоди Академия улуми Тоҷикистон дар мавриди реалӣ будани ваъдаҳои Русия ҷиҳати сармоягузории Тоҷикистон мегӯяд, вазъи геополитикӣ ва рақобати кишварҳои абарқудрати ҷаҳон барои ба даст овардани нуфуз дар Осиёи Миёна, ҳоло ин кишварро водор сохтааст, то ба давлатҳои Осиёи Миёна таваҷҷӯҳ кунад:

“Тавре коршиносони рус мегӯянд, Русия бисёр мехоҳад то, ки Украина як кишвари ҳамдину ҳамнажодаш ба иттиҳоди созмондодаи ӯ шомил шавад. Вале Украина то замоне, ки кишварҳои Осиёи Миёна шомили Иттиҳоди гумрукӣ нашаванд, намехоҳад ба ин созмон бипайвандад. Бинобар ин, Русия ночор аст ба Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, онро ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил кунад, то ки ба Укроин нишон диҳад, ки ин созмони вай ба нафъи кишварҳост”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG