Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф барандаи интихоботи Покистон шуд?


Дар интихоботи порлумонии Покистон зоҳиран ҳизби Навоз Шариф нахуствазири собиқ пирӯз шуда ва ҳаққи таъсиси ҳукуматро ба даст овардааст. Мақомоти расмӣ гуфтанд, дар интихоботи рӯзи шанбе аз ҳисоби 86 миллион нафар аз мардуми соҳиби ҳаққи раъй 60 дар сади онҳо ширкат карданд, ҳарчанд Толибон таҳдид карда буданд, ки бо ҳамлаву бомбгузорӣ раъйдиҳиро ба ҳам мезананд. Дар ҳамлаҳои рӯзи интихобот, тақрибан 20 нафар кушта шуданд. Интихоботи порлумонӣ аз он ҷиҳат барои Покистон таърихӣ буд, ки бори аввал як ҳукумати ғайринизомӣ давраи комили худро ба поён расонд ва мардум аз роҳи маданӣ ҳукумати навро интихоб карданд. Навоз Шариф, ки ду дафъа нахуствазири Покистон будааст, эълом кард, ки ҳизби ӯ, Ҳизби Робитаи Мусулмон дар интихобот пирӯз шудааст ва аз хостори ҳамкорӣ миёни нерӯҳои сиёсии кишвараш шуд. Бино ба пешбиниҳо, ҳизби Навоз Шариф, курсиҳои кофӣ барои ташкили ҳукуматро дар порлумон ба даст намеорад ва маҷбур аст, бо аҳзоби дигар ҳукумати эътилофӣ ташкил кунад.
XS
SM
MD
LG