Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳундай"-и Вавилон насиби сокини Хоруғ шуд


Ширкати "Вавилон Мобайл" ба муштарии семиллионуми худ мошини «Ҳундай» тақдим намуд. Ин ҷоиза насиби Султонмамадова Саодатбахт, сокини шаҳри Хоруғ ва мураббияи кӯдакони созмони ҷамъиятии "Нур" шуд. Султонмамадова рӯзи 3-юми майи 2013 муштарии ин ширкат шудааст. Масъулони ширкат ба Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми май дар як маросим исми муштарии 3-миллионуми ин ширкат эълон карданд ва Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати Вавилон ба ӯ калиди мошини “Ҳундай”-ро тақдим кард.
XS
SM
MD
LG