Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузоре дар Покистон 3 нафарро кушт


Як бомбгузори маргталаб бо ҳамла ба қароргоҳи пулис дар дар шаҳри Банну як се нафарро кушт. Як мақоми пулиси шаҳр ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳамла як маъмури пулис ва ду зани раҳгузар қурбон шудаанд ва 21 тани дигар захм бардоштанд. Бино ба гузоришҳо, фарди маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба девори қароргоҳи пулис равон кардааст ва дар натиҷа қароргоҳ садамаи зиёд расидааст ва чанд иморати наздики он фӯру рафтаанд. Ҳеҷ касе масъулияти бомбгузорӣ дар шаҳри Баннуро бар дӯш нагирифтааст. Ин шаҳр дар вилояти Вазиристони Шимолӣ, як минтақаи қабоилнишини Покистон воқеъ шудааст, ки онҷоро як паноҳгоҳи ҷангҷӯёни Ал-Қоида ва Толибон медонанд.
XS
SM
MD
LG