Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба тахмини СММ дар мавриди Сурия шубҳа дорад


 Ҷей Карнӣ
Ҷей Карнӣ
ИМА мегӯяд, бовар надорад, ки ошӯбгарони Сурия аз силоҳи химиявӣ кор гирифта бошанд.

Сухангӯи Қасри Сафед Ҷей Карнӣ мегӯяд, Вашингтон бештар бар ин фикр аст, ки нерӯҳои ҳукуматӣ аз силоҳи химиявӣ истифода бурдаанд:

Мо ба ин тахмин ва ё айбнома, ки мухолифин силоҳи химиявиро истифода бурдаанд, зиёд эътимод надорем. Мо бар ин ақида ҳастем, ки агар воқеан силоҳи химиявӣ истифода шуда бошад, ба эҳтимоли зиёд онро нерӯҳои ҳукуматӣ истифода бурдаанд. Агар он воқеан ҳам истифода шуда бошад, масъулияти ин амал бар дӯши ҳукумати зери раҳбарии Башор ал-Асад аст.”
Изҳороти Қасри Сафед баъд аз он нашр шуд, ки комиссияи СММ гуфт, ки бар пояи шаҳодатҳои то кунун дастрас шуда, эҳтимол мухолифин, на сарбозони режими Асад аз силоҳи химиявӣ истифода бурдаанд.

Аммо комиссияи мустақили байналмилалӣ худро аз изҳороти СММ канор кашид. Рӯзи якшанбе аснои сӯҳбат бо хабарнигорон раиси комиссияи байналмилалӣ хонум Карла дел Понте гуфт, ин ниҳод ҳоло ба натиҷае нарасидааст.
XS
SM
MD
LG