Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сомалӣ бомбгузори маргталаб 8 касро кушт


Дар пойтахти Сомалӣ шаҳри Мақдишу( Могадишо) мошини саршор аз маводи тарканда мунфаҷир шуда, камаш ҳашт нафарро ба ҳалокат расонд.

Мансабдорони Сомалӣ мегӯянд, рӯзи якшанбе бомбгузори маргталаби савори мошин ба корвони ҳайати Қатар ҳамла кард. Дар натиҷаи таркиши мошини зиреҳпӯши ҳукуматӣ чор узви ҳайати Қатар кушта шудаанд.

Ҳукумати Сомалӣ мегӯяд, ки қурбониҳои боқимонда сарбозон ва афроди мулкӣ будаанд. Ягон гурӯҳ масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Дар гузашта масъулияти ин гуна ҳамлаҳоро гурӯҳи исломии Шабоб (Ҷавонон) бар дӯш гирифтааст.

Нерӯҳои Иттиҳодияи Африқо гурӯҳҳои мусаллаҳи Шабобро аз манотиқи ҷанубӣ ва марказии Сомалӣ хориҷ намудаанд, вале ҳанӯз ҳам баъзе деҳоти ин кишвар зери тасарруфи Шабоб қарор доранд.

Моҳи март ҳам бар асари бархӯрди як мошини саршор аз маводи тарканда бо мошини ҳайати ҳукуматӣ ҳафт нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG