Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи Озодии Матбуот дар ҷаҳон


Рӯзи ҷумъа, 3 май дар ҷаҳон Рӯзи Озодии Матбуот таҷлил шуд, ки ин рӯзро ба хотири эҳтиром ба ҳуқуқи озодии баён эълон кардаанд. Бист соли пеш, дар соли 1993 Маҷмаъи Умумии Созмони Милал, 3 майро рӯзи озодии баён эълон кард, ки дар банди 19 Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Инсон ба ҳайси як ҳаққи бунёдии инсон зикр шудааст. Бо нашри гузориши тозае дар ҳамин рӯз, Созмони Авфи Байналмилал гуфт, шӯришиёни Сурия ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҷанги дусолаи ин кишвар даҳҳо хабарнигорро куштаву боздошт ва шиканҷа кардаанд. Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон, ки дар Амрико қароргоҳ дорад, дар ин рӯз феҳрасти кишварҳоеро нашр кардаанд, ки дар онҳо хабарнигоронро мекушанд ва ҳукуматҳояшон ёфтани гунаҳкорон оҷиз мондаанд. Дар ин феҳраст, Ироқ, Сомалӣ, Филиппин, Шри Ланка, Колумбия, Мексика, Русия ва Бразилия шомиланд.
XS
SM
MD
LG