Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбонии чорсолаи таҷовуз ба номус ҳалок шуд


Духтари чорсолаи ҳиндӣ, ки ду ҳафта пеш мавриди таҷовуз ба номус қарор гирифта буд, дар шифохона ҳалок шуд.

Рӯзи душанбе сухангӯи шифохонаи шаҳри марказии Нагҳпур гуфт, ки духтар аз сактаи қалб вафот кард. Ба номуси ин духтар 18-уми апрел дар деҳаи Мадҳия Прадеш таҷовуз карда буданд ва аз ҳамон вақт ӯ дар ҳоли беҳушӣ буд.

Феълан як муттаҳам дар ин ҷиноят дастгир шудааст. Ҳамла ба номуси занон баъди таҷовуз ба номус ва куштори як донишҷӯи 23-солаи ҳиндӣ дар шаҳри Деҳлии Нав дар моҳи декабри соли гузашта боиси эътирозҳои саросарӣ дар Ҳиндустон шуда буд.

Рабоиш ва таҷовуз ба номуси як духтари 5-сола дар пойтахти Ҳиндустон мавҷи нави эътирозҳоро ба бор овардааст. Эътирозгарон талаб доранд, ки масъулони таҷовуз ба номуси занон мавриди муҷозоти шадидтар қарор гиранд.
XS
SM
MD
LG