Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари таркише 40 нафар дар Прага захмӣ шуданд


Бар асари як таркиши қавӣ дар маркази шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳури Чех тақрибан 40 нафар захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳои муқаддамотӣ, инфиҷор бар сари ихроҷи газ сурат гирифтааст. Таркиш дар наздикии Театри Миллӣ дар маркази шаҳри Прага ва начандон дур аз рӯдхонаи Волтава ба вуқӯъ пайваст. Маъмурони наҷот мегӯянд, дар ҷустӯҷуи афроде ҳастанд, ки мумкин аст дар дохили бинои осебдида монда бошанд. Бар асари инфиҷор, ки садояш дар масофаи як километр шунида мешуд, шишаҳои биноҳои атроф рехтанд.
XS
SM
MD
LG