Пайвандҳои дастрасӣ

Вошингтон дар талоши оштии миёни Кобулу Исломобод аст


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе дар Брюссел бо раиси ситоди артиши Покистон ва вазири умури хориҷии ин кишвар гуфтушунид анҷом дод. Музокирот бо миёнҷигарии вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ баргузор шуд.

Ҳадаф аз гуфтушунид – мусоидат ба беҳсозии робитаҳои миёни Кобул ва Исломобод аст, ки ҳафтаҳои ахир бар асари танишҳо дар марзи ду кишвар ба сардӣ гароидааст. Ҷон Керрӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Афғонистон дар марҳалаи дигаргуниҳои муҳим қарор дорад ва изҳори итминон кард, ки мулоқотҳо дар Брюссел барои Кобулу Исломобод муфид хоҳанд буд.

Ин ҳафта Карзай эълом дошт, ки аз нигоҳи ӯ Покистон ба вазъи ноорому хушунатбор дар Афғонистон манфиатдор аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG