Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коммунистҳои Тоҷикистон аз «ҳамҳизбиён»-и худ дар Думаи давлатии Русия хостаанд, ки изҳороти зиддитоҷиконаи Владимир Жириновскийро маҳкум намоянд.

Коммунистҳои Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Фраксияи коммунистҳо дар Думаи давлатии Русия, хоҳиш кардаанд, ки матни баёнияи онҳоро дар мавриди таҳқирҳои Владимир Жириновский, раиси ҳизби ЛДПР, барои ҳамаи вакилони Дума қироат намоянд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи 24 апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки аъзои Ҳизби коммунист дар рӯзи таваллуди Владимир Ленин дар ду рӯзи қабл, изҳори назари Жириновскийро, ки дар ҳаққи миллати тоҷик ҳарфҳои носазо гуфтааст, муҳокима карда ва онро мақкум намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур тасмим гирифта шуда буд, ки номаи ҷавобӣ ба таҳқирҳои Жириновский омода шуда ва ба Фраксияи коммунистҳои Думаи давлатии Русия фиристода шавад то матни онро ба самъи вакилони Дума бирасонанад. Ба қавли Исмоил Талбаков, коммунистон ин номаи худро рӯзи 23-юми апрел ба унвони Думаи давлатии Русия ирсол доштаанд.

Исмоил Талбаков афзуд, ки дар порлумон ба таври алоҳидагӣ вакилон назари худро дар хусуси ҳарфҳои носазои Жириновский баён хоҳанд дошт.

Аз ин қабл Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суханони Влидимир Жириновскийро таҳқири миллати тоҷик номида, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ба он аксуламал нишон диҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG