Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нирӯҳои Чин вориди қаламрави Ҳинд шудаанд?


Давлати Ҳинд аз Чин хост, нирӯҳои низомиашро, ки бино ба иддаои Деҳлии нав, дар қаламрави Ҳинд маскан гирифтаанд, берун бикашад. Вазорати хориҷаи Ҳинд гуфт, як взводи Чин рӯзи 15 апрел 10 километр дохилтари минтақаи Ладахи Ҳинд рафта, инҷо хайма задааст. Чин вуруди нирӯҳояш ба қаламрави Ҳиндро радд мекунад. Марзи ин минтақа баҳсист ва Ҳинд аз Пекин хоста, ки “ҳолати статус-кворо ҳифз кунад.” Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҳинд Саид Акбаруддин гуфт, сафири Чинро барои шарҳи қазия ба вазорат хондаанд. Ӯ афзуд, фармондеҳони маҳаллӣ ҷиҳати ҳалли баҳс музокирот доранд ва таъкид кард, ки “мо қазияҳои қаблиро бо роҳҳои осоишта ҳалл кардаем.” Чину Ҳинд дар соли 1962 дар ин минтақа ҷанги кӯтоҳе карда буданд.
XS
SM
MD
LG