Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли кӯмак ба осебдидагони зилзилаи Чин сахт шудааст


Роҳҳои харобу валангор, ирсоли кӯмакҳои башарӣ ба манотиқи зилзилазадаи Чин дар вилояти Сичуанро мушкил кардааст. Заминларзаи 6,6 дараҷаӣ дар рӯзи шанбе дар ноҳияи кӯҳистонии Лушан 179 нафарро кушт ва тақрибан 7 ҳазор нафари дигарро захмӣ кард. Бар асари лағжиши хок роҳҳо баста ва хатҳои интиқоли барқу телефон канда шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар рустои Лонгмен, тақрибан тамоми хонаҳо вайрон шудаанд. Панҷ соли пеш заминларзаи вайронгаре дар ҳамин минтақа 90 ҳазор нафарро кушта буд.
XS
SM
MD
LG