Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ба шӯришиёни Сурия кӯмаки изофӣ мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, эълом кард, кишвараш ба шӯришиёни Сурия 123 миллион доллар кӯмаки ғайринизомӣ хоҳад кард. Ӯ дар ин бора дар шаҳри Истанбул ва баъди нишасти шӯришиёни Сурия ва ҳомиёни байналмилалии онҳо сухан гуфт. Ҷон Керрӣ афзуд, шӯришиён ва пуштибонҳои хориҷии онҳо мувофиқат карданд, ки кӯмак аз тариқи фармондеҳии олии шӯришиён дар Сурия тақсим хоҳад шуд. Эътилофи Миллӣ гурӯҳи умдаи шӯришиён, ки алайҳи ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад меҷанганд, гуфтааст, “аз тамоми навъҳои терроризм” ҳазар мекунад ва қавл додааст, ки аслиҳае, ки ба даст меоранд, ба дасти чунин гурӯҳҳое наафтад. Созмони Милал мегӯяд, дар муноқишаи Сурия, ки ду сол боз идома дорад, бештар аз 70 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG