Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот ба маҷлисҳои вилоятии Ироқ шурӯъ шуд


Дар Ироқ бори аввал аст, ки пас аз ихроҷи нерӯҳои Амрико аз онҷо интихоботи ба маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешавад. Рӯзи шанбе аз миёни 18 вилоят раъйдиҳӣ барои интихоби вакилони маҷлиси 12 вилоят шурӯъ шуд. Ҳазорон номзад ба вакилӣ аз ҳисоби 50 гурӯҳу созмонҳо барои 378 курсӣ рақобат мекунанд. Натиҷаҳои интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ба таркиби ҳукумати Ироқ таъсири мустақим нахоҳад дошт, вале як имтиҳони муҳим барои аҳзоби сиёсӣ хоҳад буд, ки барои интихоботи порлумонии соли 2014 омода мешаванд. Дар остонаи интихобот тадобири амниятӣ дар саросари Ироқро тақвият бахшиданд. Дар ин кишвар 14 миллион ҳаққи раъйдиҳӣ доранд. Бо зикри масоили амниятӣ, интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар ду вилояти бузурги суннинишини Ироқ, Киркук ва Курдистонро то моҳи сентябр ба таъхир андохтанд.
XS
SM
MD
LG