Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заминларза дар Чин даҳҳо нафарро кушт


Зилзилаи қавии 6,6 дараҷаӣ рӯзи шанбе, манотиқи ҷанубуғарбии Чинро ларзонд. Ба гузориши хабаргузории расмии Синхуа, дар заминларза дар вилоти Сичуан 56 нафар ҳалок шудаанд, вале мумкин аст, теъдоди қурбониён аз ин ҳам бештар бошад. Дар ин фалокат дасти кам 600 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи табибон, вазъи 135 захмӣ бисёр бад аст. Заминларза дар вилоятҳои ҳамсоя ва дар шаҳри Ченгду маркази вилояти Сичуан ҳам эҳсос шудааст ва мардуми зиёде аз тарс аз хонаҳояшон гурехтаанд. Расонаҳои давлатии Чин мегӯянд, ки 2 ҳазор сарбоз барои кӯмак дар амалиёти наҷот ба маҳалли заминларза сафарбар шудаанд. Соли 2008 зилзилаи 8 дараҷаӣ дар Сичун тақрибан 90 ҳазор нафарро кушт.
XS
SM
MD
LG