Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин дар Сочи бо Мурсӣ вохӯрд


Муҳаммад Мурсӣ ва Владимир Путин

Муҳаммад Мурсӣ ва Владимир Путин

Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Сочии соҳили Баҳри Сиёҳ президенти Русия Владимир Путин бо президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ равобити иқтисодии миёни ду кишвар, сайёҳати шаҳрвандони Русия ба Миср ва содироти ғаллаи Русияро баррасӣ намуд. Хабаргузории Итар тасс аз нақли Путин овардааст, ки табодули мол миёни ду кишвар ба 3,5 миллиар доллар расида, соли 2012-ум мизони зиёрати шаҳрвандони Русия аз Миср ба қадри назаррас афзоиш ёфтааст. Ин аввалин сафари президенти исломгарои Миср ба Русия аст. Мурсӣ аз мухолифини сарсахти режими президенти Сурия Башор ал-Асад мебошад. Президенти Русия Владимир Путин бошад, яке аз сарпарастони асосии режими Асад ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG