Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири нақлиёт:«Гуруҳи кории тафтиши вагонҳоро таъсис додем»


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои мушаххас кардани вазъи қатораҳо аз нигоҳи беҳдорӣ, экологӣ ва фаннӣ, як гуруҳи корӣ таъсис дод. Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки пас аз изҳороти мақомдорони Русия дар мавриди ҷавобгӯ набудани вагонҳои қатораҳои Тоҷикистон ба талаботи беҳдоштӣ ва экологӣ, вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис дод. Вазифаи ин гуруҳ, мавриди тафтиш қарор додани тамоми вагонҳои мусофиркаш ва борбар аст, ки равонаи Русия мебошад. Агар вагонҳое, ки аз нигоҳи техникӣ хароб мебошанд ва ё ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, дубора таъмиру тармим хоҳанд шуд ва мувофиқ ба меъёри байналмилалӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар гуруҳи корӣ мутахассисони ботаҷриба сафарбар шуданд, ки дар рӯзҳои наздик хулосаи худро ба Вазорати нақлиёт пешниҳод хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG