Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби 5 манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ


Тахриби шуморе аз манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, мояи нигаронии сокинон шудааст.

Сокини рустои Маҳмадшои Болои ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, субҳи рӯзи 14-ум апрел, беш аз 30 тан аз кормандони пулис бо техникаи вазнин омада, манзили зисти бархе аз сокинонро тахриб карданд.

Ба гуфтаи онҳо, дар ин амал кормандони пулисро намояндагони мақомоти маҳаллии ҳамин ноҳияи ҳамроҳӣ мекарданд.

Исмонов Амриддин, як сокини ин деҳа рӯзи 15-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, "30 корманди милиса ва боз даҳ нафари дигар дар либоси ғайринизомӣ омаданд гуфтанд, ки шумо ғайри қонунӣ дар инҷо манзил бунёд кардаед ва бо экскваторе, ки ҳамроҳашон оварда буданд, деворҳои ҳатто хонаи хобро вайрон карданд."

Ба гуфтаи ин сокини деҳаи Маҳмадшои Болои, "Вақте пурсидем ягон ҳуҷҷату санаде доранд барои ин амалашон, милисаҳо гуфтанд, бале, иҷозтаномаи прокуратураи ноҳияи Рӯдакиро доранд, вале нишон надоданд."

Амриддин Исмонов афзуд: «Онҳо то чашми рӯз кушодан интизор нашуданд ва вақте, ки хонаро вайрон мекарданд, дар онҷо як кӯдаки 40 рӯза хобида буд, ҳарчанд тавалло кардем, ки сабр кунанд, вале гӯш надоданд.»

Дар ҳамин ҳол як намояндаи Шуъбаи қабули шикоятҳои Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, ки тирамоҳи соли гузашта ба сокинони маҳаллаи Маҳмадшои болои ба таври хаттӣ тавсия дода шуда буд, ки бинобар бунёди манзил дар заминҳои обӣ, дар ҷои дигар хона созанд, вале онҳо гӯш надоданд:

«Бо омадани зимистон прокуратура аз ихроҷи онҳо худдорӣ карда буд. Вале ҳоло ҳаво гарм шудааст ва мувофиқи қонуни замин, дар заминҳои обӣ бунёди манзил қатъиян манъ аст.»

Исмонов Амриддин, сокини кӯчаи Маҳмадшоҳи Боло мегӯяд, ки баъзе аз сокинони манзилҳое, ки тахриб карда шуданд, ба хонаҳои наздиконашон паноҳ бурдаанд, вале як оилаи дигар аслан бесарпаноҳ мондааст ва кӯшиш дорад, ҷое барои иҷора пайдо кунад.

Сокинони кӯчаи Маҳмадшоҳи боло мегӯянд, ки аз ин амали кормандони пулиси ноҳияи Рӯдакӣ, ба Додситонии кулл ва Додгоҳи олӣ, шикоят хоҳанд бурд.





XS
SM
MD
LG