Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузориҳо дар Ироқ 11 нафар ҷон доданд


Бар асари силсилаи бомбгузориҳо дар Ироқ рӯзи ҷумъа дасти кам 11 нафар кушта ва 40 тани дигар захмӣ шуданд. Аз ҷумла дар натиҷаи таркиши ду бомб дар назди масҷиди суннимазҳабон дар шаҳри Канъон дар вилояти Диёло, 11 нафар ҷон бохтанд ва 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Чанд дақиқа баъд аз ин ҳамла таркиши бомбе дар назди масҷиди шиамазҳабон дар Бағдод дасти кам ҳашт нафарро захмӣ кард. Дар бомбгузории дигаре дар вилояти Диёло, ҳафт нафаре захмӣ шудаанд, ки аз намози ҷумъа бармегаштанд.
XS
SM
MD
LG