Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума қарордодҳои пойгоҳҳои низомиро ба тасвиб мерасонад


Думаи Давлатии Русия
Думаи Давлатии Русия
Кумитаи дифои Думаи Давлатии Русия ба Дума пешниҳод кардааст, ки қарордод дар бораи пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистону Тоҷикистон ба тасвиб расонда шавад.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 20 март ба Думаи Давлатӣ пешниҳод карда буд, ки қарордоди байни Русия ва Қирғизистон дар бораи мақоми ҳуқуқии пойгоҳи Русия дар Қирғизистон ба тасвиб расад.

Қарордод бо Қирғизистон 15 солро дар бар мегирад ва мӯҳлати пешбинишуда аз 29 январи соли 2017 оғоз меёбад. Вале қарордоди Русия бо Тоҷикистон 30 солро дар бар мегирад ва то соли 2042 дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG