Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ADB коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ кард


Бонки рушди Осиё (ADB) мегӯяд, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 2013 ва 2014 коҳиш хоҳад ёфт. Бар пояи гузориши нави ин ниҳоди молиявӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе, 10 апрел нашр шуд, имсол рушди маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллӣ шашу ним дар сад ва соли оянда шаш дар садро ташкил хоҳад дод. Соли 2012 рушди солонаи маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон 7,5 дар сад ҳисоб шуда буд.

Барои рушди пайваста, ба гуфтаи муаллифон, ислоҳот дар бахши тиҷорат, ҷалби сармоя, коҳиши вобастагӣ аз маблағи муҳоҷирони корӣ ва расидан ба амнияти энерҷӣ зарур аст.

Бар пояи пешгӯии мутахассисони Бонки рушди Осиё, таваррум дар Тоҷикистон дар соли равон 6,5 дар сад ва дар соли оянда 7 дар садро ташкил хоҳад дод. Аммо дар сурати боло рафтани қимати озуқа ва маводи сӯхт афзоиши таваррум ҳам аз эҳтимол дур нест.
XS
SM
MD
LG