Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ромпуй аз Раҳмон баргузории интихоботи демократиро тақозо кард


Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳерман Ван Ромпу дар Бруссел

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳерман Ван Ромпу дар Бруссел

Ҳерман Ван Ромпуй - раиси Шӯрои Аврупо аз Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон даъват кард, ки дар кишвараш шароити баргузории интихоботи демократиро таъмин намояд. Ромпуй баъд аз мулоқоташ бо бо Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки онҳо ҳамчунин дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон сӯҳбат кардаанд ва аз ҷониби Тоҷикистон хостаанд, риояти ҳуқуқи башар замонат дода шавад.

Оқои Раҳмон баъд аз мулоқот бо Ҳерман Ван Ромпуй-раиси Шӯрои Аврупо гуфт:

“Тоҷикистон Иттиҳодияи Аврупоро аз ҷумлаи шарикони наздики байналмиллалии худ медонад ва ин сиёсату ҳадафро дар иҳороти худ дар назди дипломатҳои Тоҷикистон иброз дошта будам”.

Раҳмон зимни посух ба суоле гуфт, ки то ҳол дар бораи ширкаташ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тасмим нагирифтааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни боздидаш аз Бруссел ва мулоқоташ бо Мартин Шултс-раиси порламони Аврупо дар бораи ихтилофоти назари Душанбеву Тошканд бар сари сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун сӯҳбат кард.

Узбакистон бар ин ақида аст, ки баъд аз сохтани обанбори Роғун маҷрои об ба Узбакистон коҳиш меёбад.

Президент Раҳмон бо Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО масъалаҳои амниятӣ баъд аз хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалӣдар соли 2014 аз Афғонистонро баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG