Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳо тадриҷан аз ҳукми эъдом даст мекашанд


Кишварҳое, ки ҳукми эъдомро иҷро мекунанд
Кишварҳое, ки ҳукми эъдомро иҷро мекунанд
Раванди тадриҷан даст кашидан аз ҳукми қатл ё эъдом дар ҷаҳон идома дорад. Бо вуҷуди ин соли гузашта баъзе кишварҳо судури ҳукми қатлро дубора оғоз кардаанд. Дар ин бора Amnesty International ё Афви Байналмиллал дар гузориши солонаи худ хабар додааст.

Мудофеони ҳуқуқи башар дар ин бора Ҷопону Ҳиндустон ва Покистону Гамбияро намуна овардаанд. Бино ба маълумоти Amnesty International, дар феҳристи кишварҳое, ки бештар ҳукми қатл иҷро мешавад, Чину Эрон, Ироқ, Арабистони Саудӣ ва Амрико омадааст.

Amnesty International шумораи эъдомҳо дар Ироқро хеле нигаронкунанда арзёбӣ кардааст. Соли гузашта дар ин кишвар 129 ҳукми қатл иҷро шудааст, ки нисбат ба як соли пеш ду баробар зиёд будааст.
XS
SM
MD
LG