Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлоси вижаи порламони Британия барои Маргарет Тетчер


Порламони Британия аз таътили худ зудтар бармегардад ва он ба даргузашти Маргарет Тетчер-нахуствазири пешини Британия иртибот дорад. Қарор аст дар оғози ин иҷлос Дэвид Ккамерон-нахуствазири кунунӣ аз Ҳизби Муҳофизакор суханронӣ кунад.

Суханронии вай ҳам ҷиҳатҳои манфӣ ва ҳам ҷиҳатҳои мусбати фаъолияти Маргарет Тетчер дар мақоми нахуствазириро дар бар хоҳад гирифт.

Эд Миллибанд-раиси Ҳизби Коргар, яъне ҳизби мухолифи ҳукумати кунунии муҳофизакорон аз ҳамҳизбиёни худ хост, ки дар бораи Тетчер бо самимият сӯҳбат кунанд.

Тетчер се бор Ҳизби Муҳофизакорро дар интихобот ба пирӯзӣ расонд ва аз соли 1979 то соли 1990 раҳбарии ҳукумати Британияро бар уҳда дошт.

Маросими дафни Тетчер 17 апрел баргузор мешавад. Вай рӯзи душанбе дар синни 87 солагӣ даргузашт.
XS
SM
MD
LG