Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Толибон баъд аз соли 2014 низ фаъол хоҳанд буд"


Генерал Мартин Демпсӣ, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Амрико.

Генерал Мартин Демпсӣ, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Амрико.

Як мақоми баландпояи низомии Амрико гуфтааст, Толибон баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ низ, фаъол хоҳанд буд.

Генерал Мартин Демпсӣ, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Амрико мегӯяд, ба ин бовар аст, ки то чанди соли баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, Толибон ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ дар чандин нуқтаи Афғонистон ҳузур хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, эҳтимол меравад ҳузури як гуруҳ аз Толибон заиф, вале дар баъзе минтақаҳои Афғонистон то чандин соли баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар дар соли 2014 идома пайдо кунад. Ин мавзуъро генерал Демпсӣ, ки рӯзи шанбе ғайримунтазира вориди Афғонистон шуд, иброз дошт.

Генерал Демпсӣ, ки дар пойгоҳи ҳавоии Багром ба хабарнигорон суҳбат мекард, гуфтааст, ки «вай хушбин аст, ки нерӯҳои афғон битавонанд баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, алайҳи Толибон мубориза кунанд.»

Ӯ гуфт, то моҳи июни имсол, афғонҳо худ тамоми раҳбарии умури амниятии кишварашонро ба ӯҳда хоҳанд дошт. Оқои Демпсӣ дар посух ба ин суол, ки оё нуқоте аз Афғонистон мавриди рақобати Толибон қарор хоҳад дошт ё на, гуфт:

«Бале, албатта чунин хоҳад буд ва агар мо дар мавриди ҳамин мавзуъ баъди даҳ сол ҳам суҳбат кунем, дар он вақт ҳам минтақаҳое мавриди рақобат ё низоъ мавҷуд хоҳанд буд, зеро таърихи ин кишвар шоҳиди чунин ҳақиқат аст.»

Генерал Мартин Демпсӣ ва дигар фармондеҳони амрикоӣ гуфтаанд, афғонҳо бояд дар ниҳоят бо шевае бо Толибон созиш кунанд ва раванди мусолиҳа бояд аз сӯи афғонҳо раҳбарӣ шавад, на аз сӯи амрикоиҳо.

Чанд лаҳза баъд аз вуруди генерал Демпсӣ ба Афғонистон дар рӯзи шанбе, Толибон қудратнамоӣ намуда ва масъулияти як ҳамлаи инфиҷориро ба ӯҳда гирифтанд, ки панҷ амрикоиро дар вилояти Зобул ба коми марг бурд.

Як "рӯзи хунин" барои амрикоиҳо дар Афғонистон

Генерал Демпсӣ дар дидори ахираш аз Афғонистон, бо мақомоти аршади Афғонистон мулоқот намуд ва низ аз вилояти ошӯбзадаи Пактико дидан кард. Вилояте, ки тахмин зада мешавад, баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014, ҳамоно ноором боқӣ бимонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG