Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷии ИМА ҳамлаҳои хунбори ахир алайҳи амрикоиҳо дар Афғонистонро шадидан маҳкум кард. .

Ҷон Керрӣ ин ҳамлаҳои мусаллаҳони “Толибон”-ро, ки бар асари онҳо панҷ амрикоӣ, аз ҷумла, як дипломати ҷавон, ва табиби афғон кушта шуданд, “номардонаву оҷизона” номид.

Се сарбози амрикоӣ, дипломат ва табиб бар асари инфиҷор дар ҳоле кушта шуданд, ки барои як мактаби шаҳри Қалот, маркази вилояти ҷанубии Зобул, китоб мебурданд. Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, дар ин ҳодиса ҳамчунин чаҳор
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

корманди дигари вазорати умури хориҷаи Амрико захмӣ шуданд ва вазъи якеи онҳо вахим аст. Раҳбари идораии сиёсати берунаи Амрико ба хизматҳои хонуми дипломат арҷ гузошт ва гуфт, “ӯ барои он қурбон шуд, ки афғонҳои ҷавон фардои беҳтар дошта бошанд”.

Рӯзномаи Washington Post навиштааст, ки волидайн кушта шудани духтари дипломаташон Энн Смединғофф дар Зобулро тайид карданд. Энн, ки 25 сол дошт, дар сафари Ҷон Керрӣ ба Афғонистон дар як моҳи пеш ӯро ёварӣ ва роҳбаладӣ карда буд.

Шарифулло Носирӣ, сухангӯи волии Зобул, бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар инфиҷори Зобул як сарбози афғон ва шогирди мактаб маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти ҳамларо “Толибон” бар дӯш гирифтанд. Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, ки худро чун сухангӯи ин ҷунбиш муаррифӣ кардааст, дар бораи дар ин ҳамла кушта шудани 13 хориҷӣ ва ҷароҳат бардоштани 9 хориҷии дигар хабар додааст.

Ба иттилои расмӣ, рӯзи шанбе дар шарқи Афғонистон ҳам як амрикоӣ кушта шудааст. Аммо дар бораи ҳуввияти ӯ ва макони дақиқи ҳодиса иттилое мавҷуд нест.

Гуфта мешавад, ки ин хунбортарин рӯз барои Амрико дар Афғонистон дар ҳашт моҳи ахир аст.

Ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки генерал Мартин Демпсӣ, раиси Кумитаи раҳбарони ситодҳои низомии ИМА, барои баррасии стратегияи хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ вориди Афғонистон шуд. Ба иттилои расмӣ, ӯ дар мулоқот бо низомиёни баландпояи амрикоӣ ва мансабдорони афғон мавзӯъи шумораи афсарону сарбозонеро баррасӣ мекунад, ки баъд аз хатми хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, бо наздик шудани хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон ҳамлаҳо дар кишвар хунбортар мешаванд. Чанд рӯз пеш бар асари як амалиёти ҷангҷӯён ба маркази вилояти Фароҳ 53 нафар кушта шуданд. Наҷиб Дониш, муовини сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон, хабар дод, ки дар ин ҳодиса 34 сокини осоишта, 6 низомӣ ва 4 корманди пулис ба ҳалокат расиданд. Бар асари даргирӣ ва инифиҷори бомб 9 тан аз ҳамлагарон ҳам кушта шудаанд. 91 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки аксари онҳо мардуми ғайринизомиянд. Мақомоти Фароҳ гуфтанд, гурӯҳи маргталабон худро мунфаҷир карданд ва ба думболи ин тирандозии шадид ба вуқуъ пайваст, ки ҳафт соат идома дошт.

Ду рӯз пеш ҳамла ба Фароҳро Шӯрои Амнияти СММ шадидан маҳкум кард. Дар изҳороти Шӯрои Амният гуфта шудааст, ки “ҷиддан нигарон”-и таҳдиди “Толибон”-у “Ал-Қоида” ва гурӯҳҳои дигари чирикӣ ба сокинони осоишта ва нерӯҳои маҳалливу байналмилалӣ дар Афғонистон боқӣ мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG