Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон соли 2014 китоби худро чоп мекунад


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон-вазири пешини корҳои хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт, ки китобе менависад ва ин китоб соли 2014 ба нашр мерасад. Ин эълон таваҷҷуҳи зиёди матъбуоти Амрикоро ҷалб кардааст. Интизор меравад, ки шояд хонум Клинтон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 яке аз номзадҳо бошад.

Нахустин китоби вазири пешини корҳои хориҷаи Амрико, ки дар оғози соли ҷорӣ ин мақомро тарк кард, дар нашриёти Simon & Schuster чоп мешавад. Номи китоб ва ҳақи қаламеро, ки ба Ҳилларӣ –Клинтон медиҳанд, пинҳон дошта медоранд.

Нашриёт эълон кардааст, ки хонум Клинтон бо хонандагони зиёде аз кишварҳои мухталиф роҷеъ ба вазъи кунунии ҷаҳон, аз ҷумла рогҷеъ ба куштори Усома Бен Лоден, хуруҷи нируҳои Амрико аз Афғонистон, инқилобҳои мардумӣ бо номи Баҳори Араб ва афзоиши нуфузи Чин дар ҷаҳон табодули афкор мекунад.
XS
SM
MD
LG