Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия се тоҷикро барои фурӯши нос муҳокима мекунад


Мақомоти интизомии Русия парвандаи ҷиноии се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба фурӯши ғайриқонунии бештар аз як тонна нос муттаҳам мешаванд, барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд. Раёсати Кумитаи Тафтишотии Русия дар вилояти Новосибирск, имрӯз хабар дод, ки ин тоҷикони муқими шаҳри Бердск, аз соли 2012 фурӯши носро дар яке аз бозорҳои ин шаҳр ба роҳ монда ва аз ҷумла ба ноболиғони рус низ ин навъи тамокуро мефурӯхтаанд. Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, ки баъди ошкор кардани фурӯши нос дар яке аз дуконҳои шаҳр, дар маҳалли зисти ин се нафар ва бозори шаҳр, бештар аз 1 тоннаву 300 кило нос кашфу мусодира кардаанд. Дар ин баёния омадааст, ки дар таркиби нос миқдори сурб 2, 28 маротиба аз меъёр бештар будааст, ки барои сиҳатии инсон зиёновар аст. Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки номашон зикр нашудааст, дар додгоҳ барои он муҳокима хоҳанд кард, ки маҳсулоти зиёновар барои сиҳатии инсонро ба фурӯш гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG