Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани "далери" покистонӣ дар интихобот ширкат мекунад


Бодом Зарӣ, як бонуи покистонӣ нахустин зане аз манотиқи қабоилинишин ва муҳофизакори Покистон шуд, ки номзадии хешро ба мақоми вакили порлумон пешниҳод кардааст. Соҳибхоназани 40-сола рӯзи якшанбе аризаи сабти номашро дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Баҷоур, воқеъ дар марзи Афғонистон пешниҳод кардааст. Ӯ дар сӯҳбат бо бахши покистонии Радиои Озодӣ доир ба барномаҳояш гуфт: “Ман мехоҳам ба бародарону хоҳаронам дар Баҷоур хидмат кунам. Масъалаи таъмини мардум бо оби пок, таҳсили бачаҳову духтарон ва бунёди шифохонаҳо, бахусус барои занон аз авлавиятҳои кори ман хоҳад буд.“ Ноҳияи Баҷоур, ки хонаи қабилаҳои муҳофизакори паштуи Покистон аст, аз паноҳгоҳҳои тундравони исломӣ хонда мешавад. Интихоботи порлумонии ин кишвар рӯзи 11 май баргузор мешавад ва 11 ҳазор нафар барои ширкат дар он ариза додаанд.
XS
SM
MD
LG