Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезӣ 200 чорвои сокинони Ҳамадониро аз байн бурд


Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон зимни як ҷаласа дар Кӯлоб хостори кӯмак ба сокинони аз сел зарардидаи ноҳияи Ҳамадонӣ шуд. Ба асари обхезии рӯзи 28-уми март дар деҳаҳои Чубек ва Чойлобкамари ҷамоати Чубеки ин ноҳия, наздики 100 хона зиён дида, беш аз 200 чорвои хурду бузурги сокинонро сел бурдааст. Раиси вилоят аз масъулини маҳаллӣ интиқод кард, ки то субҳ натавонистаанд ба кӯмаки мардум бирасанд. Обхезии рӯзи 28-уми март дар ноҳияи Ҳамадонӣ аввалин обхезии баҳори имсол дар Тоҷикистон аст. Ҳар сол дар Тоҷикистон сар аз миёнаҳои моҳи апрел боронҳои пуршиддат борида, боиси обхезиҳо мешаванд.
XS
SM
MD
LG