Пайвандҳои дастрасӣ

Хатари расвоии молии Қибрис пешгирӣ шудааст


Никос Анастасиадес

Никос Анастасиадес

Раисиҷумҳури Қибрис Никос Анастасиадес гуфт, хатари расвоии молии кишвар пешгирӣ шудаву Қибрис қасди хуруҷ аз минтақаи евроро дар сар надорад. Қибрис дар ин ҳафта ба 10 миллиард евро кумаки молии барояш ҳаётан муҳими ИА ва Сандуқи байналмилалии пул даст ёфт. Бо ин ҳол, Анастасиадес гуфт, ин кумак дар ивази “талаботи бесобиқае, ки Қибрисро ба як озмоишгоҳ табдил медиҳад”, ба даст омадааст. Бонки марказии Қибрис дар ивази ин кумак ба хотири ҳифзи бонкҳо ва пешгирӣ аз фурӯпошии ниҳодҳои молиаш ҳаракати пулҳоро маҳдуд кард. Бонкҳои Қибрис баъди қариб ду ҳафта таътил рӯзи панҷшанбе дубора боз шуданд. Бонки марказии Қибрис рӯзи ҷумъа қоидаҳои нави назорати сармояҳоро ҷорӣ кард, ки истифодаи кортҳои бонкӣ дар дохили кишварро маҳдуд намекунад.
XS
SM
MD
LG