Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии СММ аз истирдоди паноҳандагони суриягӣ


Созмони Милали Муттаҳид аз хабарҳо дар бораи аз қаламрави Туркия берун андохтани гурӯҳи паноҳандагони суриягӣ изҳори нигаронӣ кард.

Рӯзи панҷшанбе хабаргузории Reuters, бо такя ба манбаъҳои худ дар ҳукумати Туркия иттилоъ дод, ки садҳо паноҳандагон баъд аз бархӯрд бо полиси низомӣ дар қароргоҳи фирориён ба Сурия истирдод шуданд. Бархӯрд баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари сӯхтор дар қароргоҳ як кӯдак ҷон бохт ва паноҳандагон алайҳи шароити бад эътироз карданд.

Вазорати умури хориҷии Туркия хабари бо роҳи зурӣ аз қароргоҳ берун кардани одамонро рад кард. Ҳамзамон масъулини вазорат иқрор намуданд, ки тақрибан 50-60 тан аз паноҳандагон бо ихтиёри худ ба ватанашон баргаштаанд.

Баъд аз шурӯи низоъи дохилӣ дар Сурия тақрибан як миллион нафар кишварро тарк намуда, дар давлатҳои ҳамсоя панаҳ бурданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG